- хира
- [خيره]1. тира, тор, торик; ғубори хира2. камнур, норавшан, бефурӯғ, беҷило: равшании хира, чашми хира3. маҷ. гирифта, афсурда, нохуш; табъи хира, табъи касеро хира кардан дили касеро сиёҳ кардан, кайфияти касеро нохуш кардан4. бешарм, беҳаё, густох; хира шудан а) тира шудан, тор шудан; б) камнур шудан, бефурӯғ шудан; в) гирифтан, нохуш шудан (аҳвол, кайфият); хира-хира тиратира, хеле норавшан, базӯр намоён; хира-хира нигоҳ кардан тирарӯёна нигаристан; хирахира сӯхтан тира сӯхтан, камнур сӯхтан (чароғ)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.